Радиои Озодӣ
1.58K members
1 photo
1 video
5 files
1.96K links
Ахбори тозаи Радиои Озодиро аз инчо бигиред.
Download Telegram
to view and join the conversation
"Таҷовуз мекунанд, бо хишт мезананд, аз обу ғизо маҳрум мекунанд ва ё ҳатто бо дарзмол ба рӯи онҳо мезананд.” Намунаҳое аз зӯроварӣ ба занони тоҷикро Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар гузориши калоне овардааст, ки рӯзи 19-уми сентябр нашр шуд.

https://www.ozodi.org/a/violence-tajik-women-human-rights-watch-report/30172569.html
Рустам, сокини шаҳри Душанбе, раиси ширкатест, ки ба насби таҷҳизот машғул аст. Вай чанд моҳ пеш қарор кард, ки тиҷораташро қатъ кунад. Зеро, ба қавли соҳибкор, "баланд будани мизони андоз ва тафтишҳои зиёд" корашро бе фоида кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша баланд будани мизони андозро дар кишвар рад кардаанд. Баръакс, онҳо соҳибкоронро ба он муттаҳам мекунанд, ки даромади худро пинҳон медоранд ва андози кам месупоранд.

Соҳибкори тоҷик Рустам мегӯяд, бар изофаи баланд будани мизони андоз, нозирон пайваста талаб мекунанд, ки молиёт то як ва ё ду моҳ пеш пардохт карда шавад. Тафтишҳои нақшавӣ ҳам то ҳадде тӯл мекашанд, ки ӯ барои идора кардани тиҷораташ фурсат намеёбад.

Бинобар коҳиши нишондодҳои иқтисод ва рақобати зиёд ширкаташ фармоиши кам мегирад ва Рустам ба хулосае омад, ки аз тиҷорат даст бикашад. Вале бо гузашти панҷ моҳ натавонистааст ширкаташро барҳам диҳад. Мегӯяд, мақомот ҳанӯз ширкати зери раҳбарии ӯро тафтиш доранд.

Рустам ягона нафаре нест, ки аз тиҷорат дар Тоҷикистон даст мекашад. Ҳар сол ҳазорҳо намояндагони тиҷорати хурду миёна тарки фаъолият мекунанд. Расман тасмими онҳо ба буҳрони молӣ рабт дода мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, мушкили асосӣ дар андозбандӣ аст.

Нуриддин Қаюмов, таҳлилгари тоҷик, гуфт, агар андозҳо беш аз 30 дарсади даромадро ташкил диҳанд, дар бораи рушди тиҷорат ҳоҷати ҳарф задан намемонад.

"Агар соҳибкор барои рушди минбаъдаи тиҷораташ маблағи захиравӣ надошта бошад, аз куҷо рушд мекунад? Агар мехоҳем дар оянда инкишоф ёбем, бояд андозҳо кам карда шаванд. Ин аксиома аст, ки ҳеҷ исботи зиёдатиро намехоҳад," -- афзуд Қаюмов.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, аз лиҳози пешбурди тиҷорат Тоҷикистон дар миёни 190 кишвар дар мақоми 183-юм қарор дорад. Ба ҳисоби миёна солона як соҳибор барои андозсупорӣ 224 соати худро сарф мекунад.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, баъзе навъҳои андоз, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони роҳ нодилона аст. Ба гуфтаи коршиносони ин ниҳоди молӣ, дар асл ин андозсупории секарата мешавад. Аз андозсупорӣ озод кардани баъзе коргоҳҳои давлатӣ ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ вазниниро ба дӯши корхонаҳое бор мекунад, ки аз чунин имтиёзҳо бархӯрдор нестанд.

Нақшаи андозро ҳукумат таъйин мекунад ва он ҳамасола аз 15 то 20 дарсад баланд меравад.

Ян Петер Олтерс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, "бахши алоҳидае вуҷуд дорад, ки аз имтиёзи хуби давлатии андозсупорӣ бархӯрдор мебошад. Аз тарафи дигар мо бахши бузурги ғайрирасмиеро мебинем, ки кӯшиш мекунад зери соя ва дур аз мадди назари Кумитаи андоз бошад. Дар натиҷа як бахши хурди хусусие боқӣ мемонад, ки тамоми вазнинӣ бар дӯшаш аст."

Дар Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, дар бораи мушкилоти андоз метавонанд соатҳо сӯҳбат кунанд, аммо агар мақомот фавран чораандешӣ накунанд, дигар аз ҷое имкони ситонидани андоз вуҷуд нахоҳад дошт.

"Фаҳмише мавҷуд аст, ки ин василаи сиёсӣ, яъне имтиёзҳои андозӣ ба таври самаранок истифода намешавад. Онро бояд такмил дод. Ин ба ҳукумат имкон медиҳад, ки бо ин ва ё он ширкат муносибати мустақилро ба роҳ монад, ки аз имтиёзи андозӣ бархӯрдор аст ва сармояи иловагиро ворид мекунад. Ҷойҳои нави кориро фароҳам меовард ва ба технологияҳои муосир мусоидат мекунад," -- таъкид кард Ян Петер.

Бо таваҷҷуҳ ба шикоятҳои зиёд дар бораи сарбории молиётӣ Тоҷикистон тасмим гирифтааст, Кодекси андозро аз нав таҳия кунад.

Мақомот мегӯянд, таваҷҷуҳ ба кам кардани андоз, шеваҳои печидаи молиётсупорӣ ва коҳиши тафтишҳои болоиҳами кормандони ин ниҳод равона мешавад.
Шоҳҷоизаи озмуни "Деҳи ман як пораи хоки ватан"-ро Файзалӣ Сафаров, блогери ҷавон аз ноҳияи Сангвор соҳиб шуд. Файзалӣ Сафаров сокини 35-солаи деҳаи Лайрони Боло дар навори кӯтоҳ ба як шакли ҷолиб ва ҳам бодард дар бораи деҳаи худ ва мушкилоти он қисса кардааст. Ин блогер аз ҷумла манзараи сохтани пули муваққатиеро нишон додааст, ки одамон аз он ба самти дигари дарё мегузаранд.

https://www.ozodi.org/a/ceremony-awards-competition-radio-ozodi/30173042.html
«Видел женщину, которая рассказала, что ее муж несколько часов держал ее подвязанной за руки, видел тех, кого изнасиловали. Видел женщину, которая 14 лет терпит насилие и даже однажды муж, закрыв ее в гараже, облил ее грязной водой и побрил налысо».

https://rus.ozodi.org/a/hrw-published-new-report-domestic-violence-Tajikistan-/30173162.html
Около 30 таджикских трудовых мигрантов на прошлой неделе не смогли вылететь в Душанбе авиакомпанией «Ютэйр» из московского аэропорта Внуково. Представители авиакомпании сообщили пассажирам перед вылетом, что «в самолете нет мест».

https://rus.ozodi.org/a/30176417.html
"Мушкилоти муштарак барои ҳар ду кишвар созмонҳои "ҷиҳодӣ" ва фаъолияти онҳо дар Осиёи Марказиву Афғонистон мемонад. Ин созмонҳо аз қабили Ҳаракати исломии Узбакистон, “Ансоруллоҳ” имрӯз ҷузъи як паймон ба шумор мераванд ва дар ҳамкории танготанг бо ДОИШ ва Ал-Қоида қарор доранд. Ҳамчунин Ҳизб-ут-таҳрир вуҷуд дорад, ки лонаҳои худро дар ҳар ду кишвар дорад..."

https://www.ozodi.org/a/tajikistan-uzbekistan…/30177352.html
Боздошти ҳамлавар ба ду сарбози Русия дар Бохтар. Ҷонибҳо чӣ мегӯянд?

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамлаи як сокини шаҳри Бохтар ба ду сарбози қарордодии пойгоҳи 201-уми Русияро дар маркази вилояти Хатлон "авбошӣ" ва ҳамлаварро “бемори рӯҳӣ” донистанд. Масъулони сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, “гумонбар дастгир ва таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст”.
https://www.ozodi.org/a/two-russian-soldiers-injured-in-bokhtar/30177534.html
Дар як наворе, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, марде мегӯяд, дар боздоштгоҳи махсус дар Русия ҳастанд. Ӯ ҷойи хоб ва шароити зисти муҳоҷиронро нишон медиҳад ва аз раҳбарони Тоҷикистон кумак мехоҳад.

https://www.ozodi.org/a/30176774.html
Группа жителей Душанбе 20 сентября выразила протест действиям строительной компании «Муким 1», которая намеревалась «захватить» часть их двора, расширив при этом размер стройплощадки под многоэтажную «высотку».
Впрочем, застройщик утверждает, что действует на основе закона и одобрения местных властей. https://rus.ozodi.org/a/30177608.html
"Ин ҷавон касалии руҳӣ аст. Ӯро аз ҷамъият ҷудо карда, барои табобати маҷбурӣ мефиристем. Бояд аввал дараҷаи бемории руҳиашро дақиқ кунем ва вобаста ба он табобат таъйин кунем. Бо намояндагони дивизияи 201 дар ин бора ҳамкорӣ дорем."

https://www.ozodi.org/a/attack-to-russian-soldier-in-bokhtar/30178674.html
Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон, ки дар бозии охиринаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мунтахаби наврасони Урдунро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод, дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард.

https://www.ozodi.org/a/30178612.html
"Ин як кӯшиши аз байн бурдани эътиқод ва фарҳанги мусалмонони ин кишвар аст", -- гуфт Помпео ва афзуд, "мо аз тамоми кишварҳо даъват мекунем, ки ба тақозоҳои Чин дар бораи истирдоди уйғурҳо муқовимат нишон диҳанд."

https://www.ozodi.org/a/pompeo-about-uighurs-china-and-central-asia-countries/30178916.html
"Фатҳулло Шарипов нисбат ба ҳамсар ва фарзандони хурдсолаш муомилаи сангдилона намуда, онҳоро бо хӯрок ва либос таъмин намекард. Мунтазам шаъну эътиборашонро паст зада, фишору зӯроварӣ намудааст"

https://www.ozodi.org/a/30179114.html
Мӯнисахон Тағоева як моҳ боз барои фаҳмидани сабаби марги фарзанди сарбозаш дар ба дари мақомот мегардад. Намояндагони Вазорати дифоъ мегӯянд, фарзанди Тағоева ҳангоми хизмати сарбозӣ аз зарби тир ба ҳалокат расидааст, вале танҳо тафтишот муайян мекунад, ки ҳодиса чӣ гуна рух дод.

https://www.ozodi.org/a/dead-tajik-soldier-in-army/30178878.html
«Суд установил, что Фатхулло Шарипов бессердечно и жестоко относился к своей супруге и детям, не обеспечивал их самым необходимым – одеждой и питанием. Он постоянно унижал свою супругу и подвергал побоям», - отметил источник в суде.

https://rus.ozodi.org/a/30179156.html