Радиои Озодӣ
1.4K members
1 video
5 files
1.5K links
Ахбори тозаи Радиои Озодиро аз инчо бигиред.
Download Telegram
to view and join the conversation
СЕ ДУХТАРИ ФАРЗОНА БЕМОРИИ НОДИРЕ ДОРАНД ВА Ӯ БОЯД БАРОИ ОНҲО БИСЁР ВАҚТ ХУН БИХАРАД. АММО ХУН ҚИММАТ ШУДААСТ ВА Ӯ НАМЕДОНАД, ЧӢ КОР КУНАД. ЧАРО ҚИМАТИ ХУН ДАР ТОҶИКИСТОН БОЛО РАФТ. ИНҶО БИХОНЕД:
https://www.ozodi.org/a/tajikistan-health-blood-donors/29937847.html
"Як не, 10-20-таша сур мекард, Тоҷикистони мо зӯр мешуд!"
https://www.ozodi.org/a/29937885.html

Дар як пурсиши сарироҳӣ сокинони Душанбе назари худро ба ҷаласаи пуринтиқоди президент Раҳмон ва мақомоти бахши андозу гумрук ва бонку молия баён карданд.
Президент раҳбари Терминали 1-и Душанберо аз кор ронд
https://www.ozodi.org/a/29937931.html

Дар паи як саволу ҷавоби шадидлаҳн, президент Эмомалӣ Раҳмон як мақомдори баландпояи Хадамоти гумрукро аз вазифааш барканор кард.
"Илтимос, падарамро раҳо кунед". Зиндонӣ шудани падару писар дар як рӯз
https://www.ozodi.org/a/tajik-court-sentenced-father-and-son-to-prison/29938080.html

Додгоҳе дар Душанбе як падар ва писарро барои харидуфурӯши бангдона ба 17 сол зиндон маҳкум кард.
Бародарони тоҷик барои азми пайвастан ба "ДИИШ" зиндонӣ шуданд
https://www.ozodi.org/a/29939517.html

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе ду бародар аз шаҳри Левакантро бо гуноҳи сармоягузории терроризм ва талоши пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард.


Муҳокимаи Шуҳрат Воҳидови 22-сола ва бародари 19-солааш Далер рӯзи 8-уми май дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт ва аввалӣ ба 15 сол ва дуввумӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шудаанд. Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 14-уми май нашр шуд омадааст, ки ду бародар аз деҳаи Вахши Левакант соли 2018 ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд ва ба доми гумоштаҳои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” афтодаанд.


Ба гуфтаи додгоҳ, онҳоро аъзои ин гуруҳ дар шабакаи “Телеграмм” ба доми худ андохтаанд ва онҳо хостаанд, ки моҳи феврали имсол ба Туркия ва сипас аз онҷо ба Сурия сафар кунанд. Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки Шуҳрат ду дафъа ба номи як узви гуруҳи Давлати исломӣ 32 ҳазор рубл фиристодааст.


Ба гуфтаи муфаттишон ҳарду бародарро рӯзи 6-уми феврал қабл аз парвоз ба Истанбул дар фурудгоҳи “Внуково” дастгир кардаанд ва ба Тоҷикистон фиристодаанд.


Назари вакили дифоъ, ё хонаводаи бародарон Воҳидовҳо ба Радиои Озодӣ маълум нест, амм додгоҳ гуфтааст, ки Шуҳрат ба гуноҳи хеш иқрор кард, аммо Далери 19-солааш гуфтааст, ки бародараш ӯро фиреб дода, ба ӯ гуфтааст, ки “ба назди падару модар бармегардем. Оиди ба шаҳри Истамбул рафтанашон ў баъди дастгир шуданашон огоҳ шуда будааст.”


Ҳарду бародарро додгоҳ барои омодагӣ ба ҷиноят ва пайвастан ба сафи гуруҳҳои ифротӣ бояд ҳукмро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кунанд.
Ҷанги тиҷоратии Амрикову Чин бо чӣ поён меёбад? ВИДЕО
https://www.ozodi.org/a/usa-china-trade-war-global-economy/29940236.html

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, афзоиши боҷи маҳсулоти чинӣ ба хазинаи кишвараш миллиардҳо доллари изофӣ меорад. Ба қавли ӯ, аксуламали Чин ба қарори ӯ ҳеҷ таъсире ба иқтисоди Амрико нахоҳад дошт.
Даъвои дурӯғгӯӣ дар бораи муҳоҷирони тоҷик ба нафъи нашрияи русӣ анҷомид
https://www.ozodi.org/a/29940147.html

Додгоҳе дар Ёқутистони Русия парвандаи нахустинро бар асоси моддаи "хабари дурӯғ" (fake news) баррасӣ кард, вале шикояти Вазорати корҳои дохилиро нисбат ба нашрияи "Якутск вечерний" қонеъ накард. Парвандаи маъмурӣ моҳи апрел қатъ шуд.
Дар як барномаи телевизиони "Тоҷикистон" (қаблан Шабакаи аввал), Убайдулло Раҳимов эътироф мекунад, ки давоми ду моҳ 87 билети қалбакиро бо нархҳои аз 2200 то 2400 сомонӣ фурӯхта, аз ин ҳисоб беш аз 187 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овардааст.
https://www.ozodi.org/a/29946650.html
Вазири умури хориҷии Чин аз Тоҷикистон дидан мекунад
https://www.ozodi.org/a/29947005.html

Вазири хориҷаи Чин Ван И бо як сафари корӣ дар охири моҳи май аз Тоҷикистон дидан мекунад. Рӯзи 17 май дар як нишасти хабарии вазорати хориҷаи Чин намояндаи расмии ин ниҳод Лу Кан хабар дод, ки раҳбари сиёсати хориҷии кишвар қарор аст дар охири моҳи ҷорӣ аз чанд кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дидан кунад. Дар ин бора оҷонсии русии ТАСС хабар медиҳад. Лу Кан гуфт, ки сафари вазир Ван Ин дар таърихи 24 то 27 май «бо даъвати вазоратҳои хориҷии ин кишварҳо сурат мегирад». Дар ҷараёни боздидаш аз Қирғизистон дипломати чинӣ инчунин дар кори конфронси вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат хоҳад кард.


Чин яке аз шарикони муҳими сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад.